Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон - дар байни кишварҳои "ноозодтарин"


Кишварҳои пасошӯравӣ ҳоло ба як рақиби Ховари Миёна барои касби мақоми минтақаи аз нигоҳи таъқиботи сиёсиву иҷтимоӣ аввали дунё табдил ёфтаанд. Чунин аст як натиҷаи гузориши солонаи Freedom House, ки таҳти унвони “Озодӣ дар ҷаҳон” нашр шуд. Гузориш, ки таҳаввулоти соли 2012 дар 195 кишварро пӯшиш медиҳад, мегӯяд, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин “даврони нави таъқиботи шадидтарро оғоз додааст.” Тоҷикистону Узбакистону Туркманистон ва Беларус дар радифи кишварҳои ноозодтарини дунё номбар шудаанд.
Freedom House ҳамчунин ба беҳбуди озодӣ дар бархе кишварҳои Ховари Миёна, назири Либия, таъкид мекунад, вале мегӯяд, ин пешрафтҳо ба иллати “ихтилофоти мазҳабӣ” таҳти хатар қарор доранд. Дар маҷмӯъ, бино бар ин гузориш, инак 7 сол боз вазъи озодӣ дар аксари кишварҳои бадтар мешавад.
XS
SM
MD
LG