Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши раҳбарияти Хадамоти гумрук аз Рустами Эмомалӣ


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтанд, ки Рустами Эмомалӣ ҳоло ба ҳайси муовини раиси ин хадамот кор мекунад.

Мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон кори Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бахши мубориза бо қочоқи ин ниҳодро мусбат баҳогузорӣ карданд. Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумрук, рӯзи 16-уми январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар ин ниҳод "мубориза бо қочоқ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукиро" қувват бахшидааст.

Ба қавли Раҳматов, соли гузашта бо талоши бахши мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ таҳти раҳбарии Рустами Эмомалӣ ҳудуди 88 миллион сомонӣ ба буҷа ворид шудааст. Раҳбарияти Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, бо назардошти дастоварду пешрафтҳои Рустами Эмомалӣ, ки тайи ду соли охир ҳамчун сардори Сарраёсати мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба даст овардааст, ахиран ӯро ба вазифаи баландтар, яъне муовини раис, таъин намудаанд.

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки 26 сол дорад. Вай Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ” хатм кардааст.

Дар ҳоли ҳозир ӯ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини раиси Хадамоти гумрук мебошад. Бо ишора ба ин вазифа ва масъулиятҳои Рустами Эмомалӣ бархе аз соҳибназарон мегӯянд, аз эҳтимол дур аст, ки ӯ ба иҷрои ҳамаи ин корҳо вақту имконият пайдо кунад. Гузашта аз ин, ба қавли онҳо, "системаи гумрук системае ҳаст, ки кори пайвастаро талаб мекунад ва ҳеҷ кас дар танҳоӣ наметавонад кори ин ниҳодро ба пеш бубарад."

Ӯ дар гузашта муддате вакили маҷлиси қонунгузори шаҳри Душанбе ва муовини раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон буд. Ҳоло рутбаи майорӣ дорад.
XS
SM
MD
LG