Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навори маҳрамонаи "наврасон" таҳқиқ мешавад


Саҳнае аз навори маҳрамона

Саҳнае аз навори маҳрамона

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе навори муносибати маҳрамонаеро, ки гуфта мешавад, қаҳрамонҳояш талабаҳои мактаб ҳастанд, барои таҳқиқ ба раёсати умури дохилии пойтахт пешниҳод кардааст.

Раёсати маорифи Душанбе мегӯяд, навори видеоии муносибати маҳрамонаи гӯиё талабагони мактабро, ки ахиран паҳн гардид, барои муайян кардани шахсияти иштироккунандагон ба мақомоти умури дохилии пойтахт пешниҳод кардааст.

Ҳалима Саидова, мутахассиси пешбари Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, рӯзи 16 -уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори боварӣ намуд, ки "ҷавонон дар ин навори ғайриахлоқӣ талабаи мактаб нестанд."

Дар ин навори 21-дақиқаӣ як ҷавон дар либоси мактабӣ бо як духтари наврас муносибати маҳрамона мекунад ва аз навор маълум аст, ки ҳар дуи онҳо аз наворбардорӣ шудани ин саҳна огоҳанд. Дар шарҳи ин навор гуфта мешавад, ки гӯё ин навор дар хоҷатхонаи мактаби рақами № 44-и шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Дурустии ин навор, замони бардошта шуданаш ва шахсияти қаҳрамонҳои дар он сабтшуда ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Ҳалима Саидова, мутахассиси пешбари Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, мегӯяд, "ин духтаре, ки дар навор дида мешавад, на талабаи мактаб балки як мураббия будааст, аммо дар куҷо кор мекунад ҳануз рӯшан нест."

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, Маҳмуд Шоев гуфт, ки пас аз расонаӣ шудани ин навор Раёсати мактабҳои олӣ ва мактабҳои ҳамагонии Вазорат, ҳамаи проректорони донишгоҳҳо ва мудирони мактабҳоро рӯзи 15-уми январ даъват намуда, дар масъалаи ахлоқу одоби ҳамидаи талаба ва рафтори онҳо дар мактабу синфхонаҳо суҳбати махсус баргузор кард. Дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки таълиму тарбия ҷиддитар ва рафтору ахлоқи талабаҳо ҷиддан таҳти назорат қарор дода шавад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG