Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тобути Ҷумъахон Азизови 26-сола ба Ватан оварда шуд


Ин акси тобути Салоҳиддин Азизов, муҳоҷири тоҷик аст, ки соли 2008 аз суи миллатгароёни рус кушта шуда, баъдан ба ватан интиқол ёфт

Ин акси тобути Салоҳиддин Азизов, муҳоҷири тоҷик аст, ки соли 2008 аз суи миллатгароёни рус кушта шуда, баъдан ба ватан интиқол ёфт

Ҷасади муҳоҷири 26-солаи тоҷик, ки аз тири афсари пулис дар Русия ҳалок гардид, бегоҳи 15-уми январ ба Тоҷикистон оварда шуд.

Дафтари матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, Ҷумъахон Азизови 26-сола, ки аз тири афсари пулис фавтид, ба Душанбе оварда шуд.

Ҷумъахон Азизов субҳи якшанбе дар шифохонаи ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав фавтида буд. Ба қавли табибон, Азизов аз сараш тир хӯрда, наҷот доданаш хеле душвор буд. Чор нафари дигар, ки ҳамроҳ бо Азизов будаанд, боздошт гардида, сиҳату саломатанд.

Бо дастури Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав, дипломатҳои тоҷик ба ноҳияи Одинтсово рафта, таҳқиқи қазияро пайгирӣ доранд. Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ гуфт, "Азизов Ҷумъахон Ҳафизович соли таваллудаш 1987 зодаи деҳаи Фурӯзобаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ва чор ҳамроҳи боздоштшудааш, Шарифов Шӯҳрат, Саидшоҳи Шоҳвалӣ, Аҳмадхони Хайраҳмад ва Ҷабборов, ҳамагӣ сокинони вилояти Хатлон мебошанд."

Рӯзи шанбе хабаргузории Интерфакс бо такя ба иттилоъ аз сарраёсати полиси вилояти Маскав гузориш дода буд, ки ҳангоми боздошти ронандаи як мошин сабукрав афсарони полис аз силоҳи оташфишон истифода бурда, як нафарро бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол доданд. Ба навиштаи ҳамин хабаргузорӣ субҳи барвақти 12-уми январ дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав мошини ВАЗ 21093 мошини полисро дида, кӯшиш кард аз он фирор намояд. Вале афсарони полис онро дарёб намуда, пеши роҳашро гирифтанд.

Афсарони полис иддао доранд, ки ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо яке аз боздоштшудагон бо корд ба онҳо муқовимат намуд ва афсарон дар ибтидо ба ҳаво тир холӣ намуда, сипас ӯро ҳадаф қарор додаанд. Полис таҳқиқи зарурати истифодаи силоҳ аз ҷониби афсари полисро оғоз намудааст.

Наздикони Ҷумъахони Азизов мегӯянд, ҷасади вай шаби гузашта ба ноҳияи Муъминобод бурда шуд ва рӯзи чоршанбе ба хоксупорида хоҳад шуд

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG