Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар як соли охир зиёда аз 100 зани бесаробон ё бева барои ситонидани алимент ба ин Идораи адлияи Хатлон муроҷиат кардаанд.

Бегиҷон Одинаев, раиси идораи адлияи вилояти Хатлон, мегӯяд, танҳо дар як соли охир садҳо зани хатлонӣ ба иҷрогарони ҳалномаҳои додгоҳ шикоят бурдаанд, ки шавҳаронашон алименти фарзандони худро намепардозанд. Ин занҳо мушкилро дар кори заифи суд-иҷрочиҳо медонанд, ки наметавонанд, бандҳои ҳалномаи додгоҳро иҷро кунанд.

Аммо мақомоти адлия мегӯянд, ба сабаби муҳоҷирати мардон, ин мушкил меҳварӣ шудааст: "Шумораи шикояткунандаҳо барои гирифтани нафақа ё алимент аз садҳо нафар ҳам гузаштааст. Мо дар ҳалли ин масъала хеле азият мекашем. Судҳо ҳалнома мебароранд, ки мардҳо пас аз ҷудо шудан аз ҳамсар бояд ба фарзандони худ, ки бо занашон мемонанд, алимент супоранд. Аммо аксари мардҳо дар Русия кор мекунанд, дар як солу ду сол як бор ба ватан меоянд. Табиист, ки суд-иҷрочиҳо маблағи алиментро аз онҳо саривақт ситонида наметавонанд. Мо ба воситаи телефон, гуфтугӯҳо бо пайвандони шавҳар ва дигар воситаҳо талош мекунем, ки мард барои фарзандонаш маблағи каме ҳам бошад, кӯмак фиристад. Баъзан муваффақ мешавем, баъзан не. Аммо ин роҳи ҳалли муаммо нест",-афзуд раиси идораи адлияи Хатлон.

Ба гуфтаи ҷаноби Одинаев, дар вилояти Хатлон ҳамчунин 11 созмони ҷамъиятие низ мавҷуданд, ки барои занони ҷабрдида кӯмаки равониву ҳуқуқӣ мерасонанд. Муҳаррама, исми мустаори зани 29-солае аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аст, ки дар ду соли охир наметавонад аз ҳамсари собиқаш алимент ситонад. Ин зан аз шавҳараш як фарзанд дорад, аммо бо гузашти қариб ду сол аз буридани ақди никоҳаш, вай тифлро танҳо парасторӣ мекунад, чун ҳамсараш аз ироаи кӯмаки молӣ барои нигоҳубини кӯдак худдорӣ мекунад: "Занони бева бисёр азоб мекашанд. Баъзе мардҳое, ки тарки оила кардаанд, ба худ шиор кардаанд ва мутмаинанд, ки "бачаам, ки калон шуд, худаш маро суроғ карда меояд." Хушдомани ман ба писараш мегуфт, ки зиқ нашав, ягон дирам пул надеҳ, дар оянда фарзандат худаш туро кофта меёбад."

Муҳаррама дар яке аз идораҳои давлатӣ кор мекунад ва ба гуфтаи худаш ҳақмузди кофӣ дорад. Аммо мегӯяд, талаби пардохти алимент аз ҳамсараш ба он маънист, ки дасти кам дар як моҳ як бор бо баҳонаи алиментсупорӣ ба дидори фарзандаш бирасад, то ки тифл бепадарии худро эҳсос накунад. Дар ҳамин ҳол, Мавлуда, модари ду фарзанд, аз ноҳияи Ҷалолиддини Румиии вилояти Хатлон, мегӯяд, пас аз ҷудо шудан аз ҳамсараш вай тӯли қариб 10 сол фарзандонашро танҳо тарбия ва таъмин намудааст. Аммо бо мурури замон вай, ки ҷойи кор ва даромади моли доимӣ надошт, дар саробонии фарзандон танқисӣ кашид ва ночор аз ҳамсари собиқаш пардохти алиментро талаб кард: "Танҳо баъд аз 10 соли ҷудо шудан аз ҳамсарам аз вай алимент талаб кардам. То зӯрам наомад, ҳамин корро накардам. Зеро то чанде ки фарзанд калон мешавад, хӯронидан, пӯшонидан, таълимаш душвортар гардида, харҷи бештарро талаб мекунад. Ҳоло мебинед, ки нархи маводи озуқа хеле боло рафтааст, пойафзолу пироҳан ҳам гарон шудааст. Бар иловаи ин, ҳар рӯз аз мактаб бо ҳар баҳона пул талаб мекунанд. Аммо ман, ки ҷойи кори доимӣ надорам, ин ҳама хароҷотро пӯшонида наметавонам. Модарам нафақапулиашро ба мо медиҳад, аммо он ҳам кифоят намекунад. Ин фикрҳо маро қариб девона кардааст…"

Хонум Мавлуда барои ҳар яке аз 2 фарзандаш 60 сомонӣ, ҷамъ 120 сомонӣ, муодили камтар аз 25 доллари амрикоӣ, алимент мегирад, ки ба гуфтаи худаш барои саробонии онҳо кифоят намекунад. Вале дар баробари Мавлуда садҳо зани дигар дар вилояти Хатлон ночор бори гарони парастории фарзандонро танҳо ба зиммаи худ дошта, чашминтизори кӯмаки молии падари тифлонашон ҳастанд. Онҳое, ки ба иддаои Бегиҷон Одинаев, раиси идораи адлияи Хатлон, бо баҳонаи муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранду моҳҳо ва солҳо аз пардохти нафақаи фарзандони худ сарпечӣ мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG