Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Қазоқистон мӯҳлати ҷазои 3 нафарро камтар кард


Додгоҳи Олии Қазоқистон мӯҳлати зиндони 3 нафареро, ки дар тазоҳуроти хушунатомези шаҳраки Шетпе дар моҳи декабри соли 2011 ширкати фаъол доштаанд, камтар кардааст.

Моҳи маи соли 2012 чаҳор нафар аз 4 то 7 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Яке аз онҳо рӯзи сешанбе аз зиндон раҳо шуд. Мӯҳлати зиндони якеи дигар аз 7 сол ба 4 сол оварда шуд. Мӯҳлати зиндони шахси севвум аз 5 сол ба 3 сол кам шуд.

Дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии Шетпе аз тири корманди пулис як нафар кушта шуд. Шаҳрак дар наздикии Жаноазен ҷойгир аст. Дар тазоҳуроти Жаноазен низ 16 нафар кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG