Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи аввали ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе


Дар шаҳри Душанбе дар рӯзи аввали ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо оиди бурду бохташон шунида шуд.

Дар нимаи аввали рӯз Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, андоз, гумрук, омор, Бонки миллӣ ва Амонатбонк гузориш додаанд.

Тибқи гузориши ниҳодҳои давлатӣ, корҳо барои расидан ба се ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон, яъне таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ босубот идома доранд.

Ин ҷаласа зери раёсати прзидент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳошанбе низ ба кори худ идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG