Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯлоб. Корхонаи фалаҷшудаи ресандагӣ аз нав фаъол гардид


Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар шаҳри Кӯлоб дар заминаи «Кӯлобтескстайлз», корхонаи нави ресандагии «Тента – Кӯлоб» фаъол гардид.

Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, садори дафтари матуботи ҳукумати шаҳри Кӯлоб, рӯзи 15 –уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки корхонаи ресандагии «Тента Кӯлоб» дар заминаи корхонаи «Кўлобтекстайлз» фаъол шуд. Корхонаи «Кўлобтекстайлз» ахиран бинобар мушкили иқтсодӣ фалаҷ шуда буд ва дар ҳамкорӣ бо корхонаи ресандагии ТЕНТА - и Маскав дубора ба кор даромад. Пас аз ин, номи корхона низ тағйир карда ва минбаъд ҳамчун ҶДММ «Тента Кулоб» ном бурда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир 80 нафар дар ин корхона бо кор таъмин ҳастанд. Корхонаи мазкур 1320 тонна нахи пахта коркард намуда ва 1200 тонна ришта дар як сол истеҳсол мекунад. Харидорони аслии риштаи ин корхона фабрикаи Тентаи Маскав ва ширкати Ноҳиди Истаравашан мебошанд.
XS
SM
MD
LG