Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи "Рӯзҳои синамои Қирғизистон" дар Душанбе


Рӯзҳои синамои Қирғизистон рӯзи сешанбеи 15 -уми январ дар толори Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, дар театри «Зебунисо» ифтитоҳ гардид. Ин иқдоми фарҳангӣ ба ибтикори сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон ва ба муносибати 20 солагии барқарории равобити дипломатӣ миёмни ду кишвари ҳамсоя сурат мегирад.

Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ин тадбирро барои ошноии ҳар чӣ бештари талмошобинону алоқамандони тоҷик ба фарҳанг ва ҳунари синамои Қирғизистон муҳим арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи вай муддати се рӯзи оянда дар толори «Зебунисо» 7 филми мустанад ва ҳунарии тавлиди синамогарони қирғиз ба намоиш меояд, ки бештар ҷанбаи бозгӯи таърихи Қиғизистон мебошанд. Дар ин радиф «Муаллими аввалин», «Кӯҳҳои сафед» ва дигар филмҳои кӯтоҳмуддат ва ҳунарӣ дар маърази тамошобинон қарор хоҳанд гирифт.

Зимнан, Тоҷикистон ва Қиизистон дар фосилаи 400 километр марзи муштарак доранд ва ба дунболи фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ равобити дипломатии ин кишварҳо дар 14 -уми январи соли 1993 оғоз гардидааст.
XS
SM
MD
LG