Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикону қирғизҳо солгарди муносиботи дипломатиро ҷашн мегиранд


Имрӯз ба муносибати 20 солагии барқарории муносиботи дипломатии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Душанбе “Рӯзҳои синамои Қирғизистон” оғоз меёбад.

Дар давоми ду рӯзи ин ҷашнвора ҳаводорон метавонанд 6 филми мухталифи сохтаи синамогарони қирғизро тамошо кунанд.

Дар посух ба “Рӯзҳои синамои Қирғизистон” 17 январ дар Бишкек низ тадбирҳои фарҳангии Тоҷикистон оғоз меёбад. Шоми он рӯз бо ширкати овозхонони тоҷик дар филармонияи Бишкек консерти бузург баргузор мешавад. Ба ҳайати Тоҷикистон 20 ҳунарманд ворид шудаанд.

Дар чаҳорчӯбаи “Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон” дар Қирғизистон намоишгоҳи осори аккосии Заҳур Дахте низ зери номи “Тоҷикистони имрӯз” баршузор мешавад.
XS
SM
MD
LG