Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лимит" дари сокинони Бадахшонро ҳам кӯфт


Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки гуфта мешуд, 24 соати шабонарӯз барқ дорад, низ бо маҳдудиятҳо рӯбарӯ гашт.

Ях бастани оби Ғунд, ки нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» дар рӯйи ин рӯдхона сохта шудааст, сабаб шуд, то сокинони шаҳри Хоруғ ва навоҳии вилоят якбора ба камбуди сахти нерӯи барқ дучор шаванд.

Сардори департаменти генератсияи ширкати «Помирэнержӣ», Амрихон Раҳимов, ба Радиои Озодӣ гуфт, яхбандӣ ва сармои шадиди рӯзҳои охир сабаб шудаанд, ки истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳи «Помир-1» якбора коҳиш ёбад. Биноан ҳоло барқ аз рӯйи ҷадвал тақсим мешавад ва бо беҳбуди вазъ шароити қаблӣ барқарор хоҳад гашт: “Аз шоми дирӯз сар карда, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рушон, ва Роштқалъа пурра аз барқ таъмин шуданд, аммо рӯзона барқро айни ҳол дар ноҳияҳо аз рӯйи реҷа дода истодаем, шаҳри Хоруғ пурра бо барқ таъмин аст."

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи обанбори нерӯгоҳро қабати ғафси ях пӯшондааст. Ба бовари мутахассисони ширкат, иншооти зидди яхсел дар маҳалли Деҳмиёна аз садамаи шабеҳи моҳи феврали соли 2007-ум ҷилавгирӣ кардаст, ки он вақт як агрегати нерӯгоҳ аз зарбаи ях шикаста буд. Ин имкон медиҳад, мушкили феълӣ дар фурсати кӯтоҳтаре бартараф гардад.

Аммо сокинони Хоруғ мегӯянд, ки ҳарчанд вазъи бӯҳронӣ каму беш паси сар мешавад, рӯзи 15-уми январ низ бархе аз гузарҳои шаҳр чанд соат барқ надоштанд. Муштариёни деҳотӣ бошанд, рӯзона акнун барои пухту паз бештар ба тапак ва ангишт умед мебанданд.

Дар ҳамин ҳол ба сармои шадиди Мурғоб нигоҳ накарда, ронандаҳои ҷонсахти тоҷик ва чинӣ дар масири Қулма-Хоруғ-Душанбе дар ҳаракатанд. Ба гуфтаи муовини раиси вилоят, Исрор Исроров, ба ҳар ҳол сардии сахт ба кам шудани ҳаракати нақлиёт ва коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол тавасути гузаргоҳи Қулма сабаб шудааст. Ба ин сабаб, ҷадвали кори гузаргоҳи марзӣ низ тағйир ёфтааст. Акнун убуру мурур тавасути гузаргоҳ чаҳор рӯзӣ дар мобайн ва охири моҳ ба вуқӯъ мепайвандад. Ба гуфтаи муовини раиси вилоят, бо гармтар шудани ҳаво ва афзоиш ёфтани ҳаракати нақлиёт фаъолияти гузаргоҳи марзӣ ба ҳолати пештара ҳоҳад баргашт.
XS
SM
MD
LG