Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Gullup мегӯяд интернет дар хона барои бештар аз 97 дарсади сокинони калонсоли Тоҷикистон дастрас нест.

Ба пояи назарсанҷии нави созмони Gullup миёни сокинони болиғи Тоҷикистон ҳамагӣ се дарсадашон гуфтаанд, ки дар хона ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд.

Созмони Gullup, ки миёни афроди болиғи 148 кишвари ҷаҳон назарпурсӣ гузарондааст, иттилоъ медиҳад, ки ҳамагӣ 32 дарсади пурсидашудагон дар сайёра гуфтаанд, ба интернети хонагӣ дастрасӣ доранд. Ин мизон дар соли 2010, 29 дарсад ва соли 2009, 25 дарсадро ташкил додаст.

Бисёриҳо ба суоли Gullup ҷавоб додаанд, ки ба хадамоти интернет дар ҷои кор, донишгоҳ, китобхонаҳои умумӣ, интернернет кафеҳо ва аз тариқи смартфонҳо дастрасӣ доранд.

Дар 41 кишвари дунё танҳо яке аз 10 пурсидашуда гуфтааст, ки дар хона интернет дорад. Дар Бурундӣ, Малӣ ва Гвинея ин мизон ба сифр баробар будааст.

Тибқи назарсанҷии Gullup, мизони аз ҳама баланди таъминот бо интернети хонагӣ дар Сингапур ва Шветсия буда, 93 дарсади сокинони болиғи ин кишварро дар бар мегирад. Дар зинаҳои баъдӣ Дания ва Нидерландия қарор гирифтаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG