Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми даъвати АФК-2014: Доварони гурӯҳи “В” маълум шуданд


Доварони мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар гурӯҳи «В», ки дар он дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон низ бозӣ мекунад, маълум шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК-2014 бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Бозиҳои гурӯҳи “В” дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов аз 17-ум то 21-уми март баргузор мешаванд.

Ба шаш бозии ин мусобиқа 4 сардовар, 5 ёвари сардовар, 2 комиссар ва як нозири доварон хидмат мерасонанд. Инҳо доварони ФИФА Ҷамол Ҷумъа Абдулҳасан Муҳаммад (Баҳрайн), Алӣ Сабоҳ Аддаӣ Ал-Касӣ (Ироқ), Масъуд Туфайлӣ Ҷамил Найфӣ (Сурия) ва Умар Алӣ Абдулло Ҷумъа Алнабӣ (АМА); ёварони сардовар Абдуллоҳ Толиб (Лубнон), Алӣ Маяд Муҳаммад Алӣ (Ироқ), Закариё Қанат (Сурия), Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Алҳамадӣ (АМА) ва Ал-Ҳасанӣ Алӣ Муҳаммадд Аҳмад (Яман) мебошанд. Комиссарони бозиҳо - Чанг Чин-По (Тайван) ва Лин Вейгу (Чин), нозири доварон - Муроди Масъуд Ҳасаналӣ (Эрон).

Панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд. Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG