Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корвони демократия" ба Исломобод расидааст


Ҳазорон нафар тазоҳургарони покистонӣ бо ҳидояти Тоҳир-ул-Қадрӣ як рӯҳонии бонуфуз вориди Исломобод шуданд, то алайҳи фасод дар ҳукумати ин кишвар эътироз кунанд. Раҳпаймоие, ки Тоҳир Қадрӣ онро “Корвони Демократия” унвон додааст, рӯзи якшанбе аз шаҳри Лоҳур оғоз шуд ва шоми душанбе ба Исломобод расид. Ин муллои маъруфи Покистон, ки хоҳони ислоҳоти фарогир дар низоми интихобот аст, гуфта буд, ки умедвор аст, 100 ҳазор нафар ба ин раҳпаймоӣ ҳамроҳ мешаванд. Аммо дар бораи теъдоди тазоҳургарон гузоришҳои гуногун мерасад. Раҳмон Малик, вазири умури дохилии Покистон ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, танҳо “чанд ҳазор нафар” вориди Исломобод шудаанд. Аммо шоҳидони айнӣ мегӯянд, теъдоди онҳо ба даҳҳо ҳазор нафар мерасид. Ҳукумати Покистон, роҳҳо ба сӯи қароргоҳҳои ҳукуматӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ дар ин кишварро бастааст.
XS
SM
MD
LG