Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Ироқ 200 зиндониро раҳо кардааст


Ҳукумати Ироқ, ки ба тазоҳуроти густурдаи суннимазҳабон рӯ ба рӯ шуд, зоҳиран ба нишони ҳусни ният нисбат ба онҳо, 200 нафарро аз зиндон раҳо кард. Пеш аз ин даҳҳо ҳазор аз сокинони вилояти умдатан суннинишини Анбор, алайҳи ҳукумати ба раҳбари шиъамазҳабон дар Ироқ тазоҳурот карданд. Онҳо мегӯянд, ки бархӯрди ҳукумат нисбат ба суннимазҳабон табъизомез аст. Мақомоти Ироқ гуфтанд, ки рӯзи душанбе 178 зиндониро озод карданд ва теъдоди раҳошудагон дар ҳафтаи гузашта ба 335 нафар расид. Ҳукумати Ироқ баъди таҳқиқ дарёфтааст, ки бисёре аз ин зиндониён ҳукми худро адо кардаанд ва ё бе далели кофӣ зиндонӣ шудаанд. Бисёре аз сунниҳои Ироқ мегӯянд, ки ҳукумати Ироқ бо истифода аз қонун дар бораи мубориза бо терроризм, аққалиятҳои мазҳабиро ҳадаф мегирад.
XS
SM
MD
LG