Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талаби сафири Тоҷикистон аз мақомоти Русия


Tajikistan/Russia - Tajik Ambassador to Russia Abdulmajid Dostiev, Moscow, 17Nov2011

Tajikistan/Russia - Tajik Ambassador to Russia Abdulmajid Dostiev, Moscow, 17Nov2011

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав аз мақомоти интизомии Русия хостааст, қазияи марги як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳарчӣ зудтар ва шаффофу одилона баррасӣ кунанд, ки чанд рӯз пеш аз тири як афсари пулиси рус кушта шуд.

Муҳаммади Эгамзод, раҳбари дафтари матбуотии сафорат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо талаби сафорат ба гурӯҳи тафтишотӣ, ки марги Ҷумъахон Азизови 26-сола таҳқиқ мекунад, вакили дифоъи тоҷиктабореро ҳамроҳ шудааст. Ба қавли Муҳаммади Эгамзод, Абдулмаҷид Достиев гуфтааст, агар тафтишот собит кунад, ки афсари рус худсарона ва бе далел сабаби ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон шудааст, бояд ҷазои сазовор бигирад.


Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли мақомоти интизомии Русия навиштааст, ки рӯзи 13 январ дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав, нозирони роҳ хостанд, мошини сабукраверо барои тафтиши аснод нигаҳ доранд, аммо ронанда хостааст, фирор кунад. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, баъди таъқиб ронанда мошинро нигаҳ доштааст ва дар он марҳум Ҷумъахон Азизов сокини ноҳияи Мӯъминобод бо се ҳамроҳи дигараш аз вилояти Хатлон буданд.

Пулиси Маскав иддаъо кардааст, ки зимни тафтиши асноди шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз онҳо хостааст, бо теғ ба кормандони пулис муқовимат кунад ва пулис баъди маҷбур шудааст, ба сӯи онҳо тир андозад. Ҷумъахон Азизов дар ҷойи ҳодиса захмӣ шуда ва як рӯз баъд дар бемористон ҷон додааст. Додситонии Маскав гуфтааст, қазияи бархӯрди шаҳрвандони Тоҷикистон бо нозирон ва то куҷо қонунӣ будани амалкарди нозирони роҳро, ки аз силоҳи оташфишон истифода кардаанд, таҳқиқ мекунад.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, агарчӣ бар асоси меъёрҳои дипломатӣ, мақомоти интизомии кишвари мизбон бояд аз ин ҳодисаҳо сафорати Тоҷикистонро дар ҷараён гузоранд, аммо сафорат аз ин ҳодисаҳо аввал аз расонаҳои Русия огаҳ мешавад. Дар гузашта ҳодисаҳои истифодаи худсаронаи силоҳ аз тарафи пулиси Русия ҳангоми бархӯрд бо шаҳрвандони Тоҷикистон мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG