Пайвандҳои дастрасӣ

Чирикиҳои Малӣ Диабалиро тасарруф карданд


Ҷангиёни исломӣ дар кишвари африқоии Малӣ дар пасманзари ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои Фаронса як шаҳр дар қаламрави таҳти назорати давлатро ба даст овардаанд. Вазири дифоъи Фаронса Жан-Ив Ле Дриан гуфт, Диабалӣ, воқеъ дар 400-километрии пойтахт - Бамако рӯзи душанбе дар пайи муқовимати парокандаи артиши Малӣ суқут кард. Ле Дриан гуфт, ҷангиёни марбут ба Ал-Қоида дар шарқи Малӣ ақиб нишастанд, вале нирӯҳои Фаронса дар ғарб дар муқобили чирикиҳо дучори “мушкилот” шудаанд. Фаронса рӯзи ҷумъа ба хотири пешгирӣ аз пешрафти чирикиҳо ба сӯи Бамако аз самти шимолу шарқ ҳудуди 550 сарбозашро ба Малӣ даровард. Онҳоро дар инҷо нирӯҳои кишварҳои ҳамҷавори Африқо ҳамроҳӣ мекунанд. Порис имрӯз нишасти Шӯрои Амниятро даъват кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG