Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти 21 тазоҳургар дар Озарбойҷон


Тазоҳуроти 12 январ дар Боку

Тазоҳуроти 12 январ дар Боку

21 нафарро дар Озарбойҷон тибқи қонуни нави шадидтари гирдиҳамоиҳо, ки аз 1 январ ба иҷро даромад, ҷарима бастанд. Онҳо бо ҷурми ширкат дар намоиши рӯзи шанбе дар маркази Боку алайҳи маргумир дар воҳидҳои артиш аз 380 то 760 доллар ҷарима шуданд. Маоши миёна дар Озарбойҷон моҳона ҳудуди 400 долларро ташкил медиҳад. Қонуни наве, ки моҳи ноябр тасвиб шуд, маблағи ҷаримаҳоро то 30 баробар афзуда, ҳадди аксарашро то ба 3800 доллар мерасонад. Тазоҳуроти рӯзи шанбе дар майдони Фаввораҳои Бокуро фаълон тавассути Интернет дар пайи марги сарбоз Ҷайҳун Қубодов дар ҳафтаи гузашта даъват карданд. Баъди онки пайвандонаш аксҳо бо осори хушунат дар бадани ин сарбозро нашр карданд, мақомоти артиш ҷиҳати тафтиши қазия амр карданд.
XS
SM
MD
LG