Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳбусоне ки дар Гурҷистон дар пайи афви зиндониҳои сиёсӣ озод шуданд, акнун аз давлат ҷуброни молӣ мехоҳанд. Парлумони Гурҷистон ахиран қонунеро тасвиб кард, ки 190 зиндониро маҳбуси сиёсӣ эътироф мекунад. Онҳо рӯзи якшанбе, ҳамагӣ як рӯз баъд аз имзои ин қонун аз сӯи раиси парлумон Давид Усупашвилӣ раҳо ёфтанд. Раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ, ки ҳизбаш дар парлумон ақалият шудааст, ин қонунро иштибоҳ номида, аз имзояш даст кашида буд. Ӯ мегуфт, ин қонуни афв ба раҳоии ҷинояткорон ва ҷосусони Русия роҳ хоҳад кушод. Ҳизби Саакашвилӣ дар интихоботи парлумонии моҳи октябр аз эътилофи Орзуи гурҷии сарвазири кунунӣ Бидзина Иванишвилӣ шикаст хӯрд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG