Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як фаъолро дар Минск латукӯб кардаанд


Як фаъоли мухолифини Беларусро дар Минск латукӯб кардаанд. Юлия Стяпанава аз гурӯҳи Беларуси аврупоӣ гуфт, шаби душанбе 2 нафар дар назди манзилаш ба ӯ ҳамла оварданд. Маркази ҳомии ҳуқуқи “Вясна” мегӯяд, ӯро аз по афтонда, сарашро зери барф кардаанд ва мӯяшро ҳам кандаанд. Стяпанава, ки бо ҷамъоварии кумак ба хонаводаҳои маҳбусони сиёсӣ маъруф аст, дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ҳамлагарон фаъолиятҳои сиёсии ӯро лаънат мехонданд. Мақомоти интизомии Минск аз шарҳи қазия сарпечӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG