Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбар дар қатли сарҳанги қирғиз


Тӯлқунбек Шоноев
Тӯлқунбек Шоноев
Як гумонбар дар робита ба қатли афсари аршади пулиси зиддифасоди Қирғизистон дастгир шудааст. Сарҳанг Тӯлқунбек Шоноев – раҳбари бахши мубориза бо фасоду ҷиноёти созмонёфтаи вазорати дохила рӯзи ҷумъа дар манзилаш дар рустои Дикан-Куштаки вилояти ҷанубии Ӯш кушта шуд. Додситони вилоят Ойбек Тӯрғунбоев рӯзи душанбе ба Озодӣ гуфт, Кумитаи амният гумонбарро рӯзи 13 январ дар Бишкек боздошт кард. Исми ӯро ғолибан ба далоили амниятӣ эълон накардаанд.
XS
SM
MD
LG