Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай дар бораи мавзӯъи масунияти нирӯҳои Амрико


Ҳомиди Карзай
Ҳомиди Карзай
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, тасмим дар мавриди масунияти нирӯҳои амрикоие, ки баъди соли 2014 дар ин кишвар хоҳанд монд, то “8 ё 9 моҳи дигар” гирифта хоҳад шуд. Карзай дар пайи сафари ҳафтаи гузаштааш ба Амрико дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, давлати ӯ пешниҳоди қаблии Вошингтон дар ин мавзӯъро радд кардааст. Ӯ гуфт, даври дувуми музокирот дар Кобул хоҳад гузашт. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфтааст, Амрико дар ғайри сурати тазмини масунияти сарбозонаш аз таъқиб дар додгоҳҳои маҳаллӣ ягон нирӯеро дар Афғонистон нахоҳад монд. Ӯ мехоҳад, асокири амрикоии дахил дар ҷиноёт аз сӯи додгоҳҳои низомии Амрико муҳокима шаванд.
XS
SM
MD
LG