Пайвандҳои дастрасӣ

"Корвони демократия"-и Қодирӣ ба Исломобод меравад


Ҳазорон нафар таҳти раҳбарии рӯҳонии бонуфузи исломӣ Тоҳир Қодирӣ ба нишони эътироз ба фасоди давлат бо як раҳпаймоӣ ба сӯи пойтахти Покистон –Исломобод ҳаракат доранд. «Корвони раҳпаймоии демократия», ки Қодирӣ даъват кардааст, рӯзи якшанбе аз Лоҳур ба роҳ даромад ва интизор меравад, то поёни рӯзи душанбе ба пойтахт бирасад. Қодирӣ изҳори умед кардааст, ки на кам аз 100 000 нафар ба ин раҳпаймоӣ хоҳанд пайваст. Ӯ қабл аз интихоботи саросарии баҳори имсол ислоҳоти қонуни интихоботро талаб дорад.
Бино ба хабарҳо, роҳи асосӣ ба Исломобод боз аст, вале бисӣре аз роҳҳое, ки ба сӯи сафоратҳо ва идороти давлатӣ мебаранд, масдуд шудаанд. Мақомот «минтақаи кабуд»-ро дар пойтахт барои тазоҳурот боз гузоштаанд. Исломобод Қодириро, ки моҳе пеш баъди чанд соли ғурбат аз Канада баргашт, ба талоши ихлол ба раванди интихобот айбдор мекунанд. Ӯ ин иттиҳомро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG