Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 3 нафар бар асари тарма дар Тоҷикистон


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, 13-уми январ дар минтақаи Рашт сокини деҳаи Шархо, Муҳаммади Абдулло, соли таваллудаш 2000 ва сокини қишлоқи Ярхаб, Файзулло Ҷамилов, соли таваллудаш 1992 зери тарма монда, ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи ҷустуҷӯ cоати 15.40 дақиқаи ҳамон рӯз, ситоди ноҳияи Рашт бо ҳамроҳии дастаҳои наҷотдиҳии ихтиёрӣ ҷасади номбурдагонро ёфта, ба наздиконашон супоридаанд.

Инчунин ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 11-уми январ шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд мошини тамғаи «Ҷип-Муссо» зери тарма мондааст, ки дар натиҷа як нафар шаҳрванди шахсияташ номаълум дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида 3 нафари дигар наҷот ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG