Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2012 қариб 6 тонна маводи мухаддир гирифтаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Тайи соли 2012 дар Тоҷикистон қариб 6 тонна маводи мухаддир гирифтаанд, ки 515 килояш ҳероин, 630 килояш афюн ва 4,8 тоннааш маводи мухаддири гурӯҳи канабис будааст. Бино ба гузориши Ожонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, маводи мусодирашуда назар ба соли 2011 41,1 фоиз бештар аст. Тайи як соли охир бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир 946 нафар, аз ҷумла 33 зан ва 28 хориҷӣ, дастгир шудаанд. Дар соли 2012 дар хориҷ 297 шаҳрванди тоҷик, аз ҷумла 274 нафараш дар Русия бо айни иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба даст афтодаанд.
XS
SM
MD
LG