Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бен Аффлек бо "Арго" соҳиби 2 "Кураи тилоӣ" шуд


Бен Аффлек
Бен Аффлек
Ҷоизаи асосии “Кураи тилоӣ”, ё “Golden Globe” барои беҳтарин филми солро “Арго” ба даст овард. Коргардони ин филм Бен Аффлек, ҳамин тавр, беҳтарин коргардон шинохта шуд. Маросими эътои ҷоизаҳои “Кураи тилоӣ” дар Беверлӣ Ҳиллз як навъ машқи асосӣ қабл аз эътои ҷоизаҳои мӯътабартари “Oscar” аст, ки барандагонаш моҳе баъд эълон хоҳанд шуд. “Кураи тилоӣ” барои беҳтарин филми хориҷӣ имсол ба филми “Ишқ”-и коргардони олмонӣ Михаэл Ҳанеке рафт.
“Кураи тилоӣ” барои беҳтарин филми хориҷӣ имсол ба филми “Ишқ”-и коргардони олмонӣ Михаэл Ҳанеке рафт.
Таҳлилгарони синамо “Кураи тилоӣ”-ро як навъ машқи асосӣ пеш аз расми тақдими ҷоизаҳои “Оскар” медонанд, ки қарор аст, рӯзи 24 феврал доир шавад. Барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин филм – ҷоизаи асосии “Оскар” - дар маҷмӯъ 9 филм пешниҳод шудаанд, вале ба бовари ағлаб рақобат зоҳиран боз ҳам миёни “Арго”, “Линколн”, “Ҷангои озодшуда”, “Ҳаёти Пӣ” ва “Ҳадафи рақами як” сурат мегирад. Вале дарёфти ду ҷоизаи муҳими “Кураи тилоӣ”, ба бовари нозирон, шонси “Арго” барои пирӯзӣ бар ин рақибонаш дар сабқати ҷоизаҳои “Оскар”-ро хеле бештар мекунад.
XS
SM
MD
LG