Пайвандҳои дастрасӣ

"Вазорат барои сабти раиси нави ҲДТ санаде нагирифааст"


Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд то ҳол ҳуҷҷатҳоро барои сабти раиси тозаинтихоби Ҳизби демократи Тоҷикистон дарёфт накардааст.

Қурбоналӣ Бобоев, сардори раёсати сабти номи созмонҳо ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлия, рузи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз ҳуҷҷатҳои Саидҷаъфар Исмоновро, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукоти ин ҳизб, раиси нав интихоб шудааст, ба вазорат нарасидаанд.

Ин дар ҳолест, ки Саидҷаъфар Исмонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, санадҳои лозимаи ҳизбро барои сабти ном ҳанӯз рӯзи 31-уми декабр соли 2012 ба Вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Ӯ изҳор дошт, ки муддати як моҳ Вазорати адлия санадҳои пешниҳодкардаи ин ҳизбро мавриди омӯзиш қарор дода, тасмими худро эълон хоҳад кард.

Кумитаи тадорукоти Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани 11-уми ғайринавбатии худ, рӯзи 23-юми декабри соли 2012 Саидҷаъфар Исмоновро ба ҳайси раиси нави ин ҳизб интихоб карда буд. Аммо ҳоло раиси расмии ҳизб Масъуд Собир аст, ки расман дар Вазорати адлия номнавис шудааст.
XS
SM
MD
LG