Пайвандҳои дастрасӣ

Полковники милиса барканор шуд


Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рузи 14--уми январ ба радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки полковник Саидҷаъфар Холиқов, сардори Шуъбаи умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз вазифааш сабукдӯш шудааст. Дар ин бора, ки Саъидҷаъфар Холиқов ба кадои масъулияти дигар мансуб шудааст, иттилое дода намешавад. Аммо Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки дар ҷаласаи васеъи мушовараи Вазорат, ки рӯзи 11-уми январ баргузор шуда буд, баъди шунидани гузориши ӯ дар бораи натиҷаи фаъолияти солонаи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур, бо фармони вазири корҳои дохила, Саидҷаъфар Холиқов аз аз вазифааш барканор карда шуд.
XS
SM
MD
LG