Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти бузурги варзишӣ-2013


Варзишгарони тоҷик дар соли 2013-ум дар чандин мусобиқоти бузурги ҷаҳониву қитъавӣ ширкат хоҳанд кард.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бузургтарин мусобиқоти имсола Универсиадаи ҷаҳонӣ ё Олимпиадаи донишҷӯён маҳсуб мешавад.

Ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ бо ширкати 10 ҳазор варзишгар аз 170 кишвар аз 6-ум то 17-уми июл дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон баргузор хоҳад шуд. Варзишгарон барои 351 маҷмӯи медалҳо рақобат мекунанд. Барои баргузории форуми варзишии донишҷӯён дар Қазон 30 иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст, ки дар Русия ҳамто надоранд. Дар ин Универсиада варзишгарони тоҷик низ ширкат хоҳанд кард.

Баҳрулло Раҷабалиев афзуд: "Соли равон, ҳамчунин, дар шаҳри Нанкини Чин Бозиҳои осиёии наврасон доир хоҳанд шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо, ки аз 16-ум то 24-уми август барпо мегарданд, иштирок хоҳад кард. Ба барномаи бозиҳо 15 навъи варзиш, аз он ҷумла, варзиши сабук, бадминтон, баскетбол, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпиии Тоҷиистон.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпиии Тоҷиистон.

шамшербозӣ, футбол, голф, ҳандбол, дзюдо, регбӣ, тирандозӣ, сквош, тенниси рӯимизӣ, теннис, вазнабардорӣ, шиноварӣ, ҷаҳидан ба об ва ғайра дохиланд. Бояд гуфт, ки соли 2014-ум дар ин шаҳр Бозиҳои дувуми олимпии тобистонаи наврасон баргузор хоҳанд шуд."

Ҷаноби Раҷабалиев дар идома гуфт: "Ва ниҳоят имсол Бозиҳои осиёӣ дар толор, ки дар ду сол як маротиба доир мешаванд, таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё аз 29-уми июн то 6-уми июл дар шаҳри Инҷҳони Куриёи Ҷанубӣ барпо мегарданд. Дар ин бозиҳо мусобиқот аз рӯи он намудҳое баргузор мешавад, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил нестанд, вале хеле шавқангезу ҷолибанд, ба монанди рақси варзишӣ, футзал ва ғайра."

Ба гуфтаи Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгарони тоҷик имсол, ҳамчунин, дар Бозиҳои ҳамраъйии исломӣ дар Индонезия, мусобиқоти мухталифи ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG