Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти сокинон ба додгоҳҳои Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Мақомоти тоҷик мегӯянд, шикоятҳои мардум ба додгоҳҳо дар соли 2012 назар ба соли қаблӣ ҳашт дарсад афзоиш ёфтааст. Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи душанбе дар нишасти хабарии худ гуфт, ки дар соли гузашта 206 парвандаи шаҳрвандиву ҷиноятӣ бештар аз соли 2011 мавриди баррасӣ қароор гирифтааст. Дар соли 2012 ҳудуди 2678 парванда муҳокима шудааст, ки аз ин 1188 ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, 361 дигар дар заминаи муноқишаҳои хонаводагӣ ва 670 парванда ба амалҳои ҷиноятӣ тааллуқ доштааст.
XS
SM
MD
LG