Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари таркиш дар Афғонистон 7 кас ҳалок шуд


Мансабдорон мегӯянд, бар асари таркиш дар як масҷиди шарқи Афғонистон камаш 7 нафар ҳалок шудаанд. Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ таркиш баъди куштори чор сокини минтақаи Вардак аз тарафи нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон (ISAF) ба вуқӯъ пайваст. Сухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ тасдиқ кард, ки таркиш баъди рафтани онҳо ба амал омадааст. Сухангӯи Толибон иброз доштааст, ки масҷид ҳадафи ду ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ қарор гирифтааст. Аммо сухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ мегӯяд, ки дар ин амалиёт ҳавопаймоҳоро истифода набурдаанд.
XS
SM
MD
LG