Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як ҷавони тоҷик аз тири пулис дар Маскав


Субҳи якшанбе дар шифохонаи ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав, шарҳрванди Тоҷикистон Ҷумъахон Азизов, ки як рӯз пеш аз тири афсарони полиси Русия ҷароҳат бардошта буд, вафот кард.

Ба қавли табибон, Азизов аз сараш тир хӯрда ва наҷот додани ӯ хеле душвор буд. Чаҳор нафари дигар, ки ҳамроҳ бо Азизов боздошт шудаанд, сиҳату саломатанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Азизов Ҷумъахон Ҳафизович соли таваллудаш 1987 ва чаҳор ҳамроҳ ӯ зодагони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мебошанд. Бо дастури Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав, дипломатҳои тоҷик ба ноҳияи Одинтсово рафта, таҳқиқи қазияро пайгирӣ доранд.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ гуфт: Азизов Ҷумъахон Ҳафизович соли таваллудаш 1987 зодаи деҳаи Фурӯзобаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ва чор ҳамроҳи ӯ: Шарифов Шӯҳрат Шерович, Саидшоҳи Шоҳвалӣ, Аҳмадхони Хайраҳмад ва Ҷабборов, ҳамагӣ сокинони вилояти Хатлон мебошанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим


Рӯзи шанбе хабаргузории Интерфакс бо такя ба иттилоъ аз сарраёсати полиси вилояти Маскав гузориш дода буд, ки ҳангоми боздошти ронандаи як мошини сабукрав, афсарони полис аз силоҳи оташфишон истифода бурда, як нафарро бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол доданд.

Ба навиштаи ҳамин хабаргузорӣ, субҳи барвақти 12-уми январ дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав мошини ВАЗ 21093 мошини полисро дида, кӯшиш кард аз он фирор намояд. Вале афсарони полис худро ба он расонида ва пеши роҳашро гирифтанд.

Афсарони полис иддао доранд, ки ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо, яке аз боздоштшудагон бо корд ба онҳо муқовимат намуд ва афсарон ибтидо ба ҳаво тир холӣ намуда, сипас ӯро ҳадаф қарор додаанд. Полис таҳқиқи зарурати истифодаи силоҳ аз ҷониби афсари полисро оғоз намудааст.
XS
SM
MD
LG