Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Силоҳбадастро дар кинотеатри Амрико маҷрӯҳ карданд


Полиси шаҳри Сан Диегои аёлати Калифорнияи ИМА дар толори театри кино як марди мусаллаҳро маҷрӯҳ намуд. Полис мегӯяд, рӯзи шанбе афсарон огаҳӣ ёфтанд, ки дар паркинги фурӯшгоҳ марде бо як зан ҷанҷол дораду вақте мардум онҳоро аз ҳам ҷудо кардаанд, мард бо силоҳ таҳдид намуда, аз макони ҳодиса фирор кардааст. Афсарони полис аз пайи ин мард шуда, ӯро дар кинотеатр пайдо кардаанд. Марди мусаллаҳ аз иҷрои фармони полис худдорӣ кардааст ва афсарон маҷбур шудаанд ба тарафи ӯ оташ кушоянд. Дар ин амалиёт фақат силоҳбадаст ҷароҳат бардоштааст. Аз миёни 15 нафаре, ки дар театр будаанд, касе осебе надидааст. Моҳи июл дар аёлати Колорадо як марди мусаллаҳ дар дохили кинотеатр 12 нафарро ба қатл расонда, чандин каси дигарро маҷрӯҳ карда буд.
XS
SM
MD
LG