Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар як таркиш 39 сарбози покистонӣ кушта ва захмӣ шуданд


Бар асари таркиши як бомбаи канорироҳӣ дар Вазиристони шимолӣ, 39 сарбози покистонӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс аз қавли мақомоти Покистон гузориш дод, ки рӯзи якшанбе бар асари як таркиши бомбаи канорироҳие дар Вазиристони шимолӣ, ки минтақаи таҳти нуфузи Толибон ва гурӯҳҳои дигари мусаллаҳ аст, 14 сарбози покистонӣ кушта ва дастикам 25 тани дигар низ захмӣ шуданд.

Ин амалиёти террористӣ, ки дар 30-километрии ҷануби Мироншоҳ, шаҳри аслии минтақаи Вазиристони шимолӣ рӯй дод, яке аз бузургтарин талафотро ба нерӯҳои покистонӣ ворид кардааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбе раҳбари Толибони Покистон дар иттилоияи эълон карда буд, ки аз ин пас Толибон ба сарбозони ин кишвар ҳамла нахоҳанд кард ва нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Дар иттилоияе, ки рӯзи шанбе бо имзои Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, раҳбари толибони покистонӣ нашр шуд, гуфта шуда буд, ки аз ин пас амалиёти низомии Ҳаракати Толибони Покистон, танҳо мутаваҷҷеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон хоҳад буд.

Хабаргузории Ройтерз менависад, ки ҳазорон сарбози покистонӣ дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон ҷойгир буда ва даргириҳои пайдарпай байни ин нерӯҳо ва шӯришиёни мусаллаҳи Толибон рух медиҳанд.

Дар ин эъломияи рӯзи шанбеи Толибон омада буд, ки ин оташбас танҳо дар минтақаи Вазиристони шимолӣ барқарор буда ва манотиқи дигари Покистон шомили он нестанд.

Тибқи гузоришҳо, фармондеҳони Толибон дар ин минтақа роҷеъ ба бархӯрд бо нерӯҳои давлатии Покистон ихтилофи назар доранд. Бархе аз ин фармондеҳон мехоҳанд то нерӯҳои покистониро низ ҳадафи ҳамла қарор диҳанд, дар ҳоле дигарон ҳадафи ҳамла қарор додани нерӯҳои паймон НАТО дар Афғонистонро афзал мешуморанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG