Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии “Равшан” ба Ҷоми АФК-2013


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони нави Тоҷикистон, рӯзи 15-уми январ дар шаҳри Қайроққум ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шурӯъ мекунад.

Ба иттилои Баҳром Рустамов, сардори дастаи «Равшан», футболбозони Кӯлоб дар Қайроққум 12 рӯз ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд. Баъдан 10 рӯзи дигар дар Кӯлоб тамрин хоҳанд кард. Дар нимаи дувуми моҳи феврал дастаи «Равшан» ба шаҳри Анталияи Туркия сафар карда, то моҳи март дар он ҷо тайёрӣ мебинад.

Сипас даста ба Кӯлоб баргашта, ба бозии нахустинаш дар Ҷоми АФК-2013, ки 6-уми март бо дастаи «Ал-Рамза»-и Урдун дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» барпо мегардад, омода мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи «Равшан» дар Ҷоми АФК-2013 дар гурӯҳи “D” бо қаҳрамони Кувайт «Ал-Қадсия», барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Урдун «Ал-Рамза» ва зӯртарин бошгоҳи Сурия «Ал-Шорта» рақобат мекунад.


Ҷоми АФК-2013: мусобиқаи гурӯҳӣ

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум
6 март (чоршанбе)

«Ал-Қадсия» (Кувайт) – «Ал-Шорта» (Сурия)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Ал-Рамза» (Урдун)

Даври 2-юм
13 март (чоршанбе)

«Ал-Шорта» (Сурия) – «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал-Рамза» (Урдун) – «Ал-Қадсия» (Кувайт)

Даври 3-юм
3 апрел (чоршанбе)

«Ал-Шорта» (Сурия) – «Ал-Рамза» (Урдун)
«Ал-Қадсия» (Кувайт) – «Равшан» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум
9 апрел (сешанбе)

«Ал-Рамза» (Урдун) – «Ал-Шорта» (Сурия)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Ал-Қадсия» (Кувайт)

Даври 5-ум
23 апрел (сешанбе)

«Ал-Шорта» (Сурия) – «Ал-Қадсия» (Кувайт)
«Ал-Рамза» (Урдун) – «Равшан» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум
30 апрел (
сешанбе)
«Ал-Қадсия» (Кувайт) – «Ал-Рамза» (Урдун)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Ал-Шорта» (Сурия
XS
SM
MD
LG