Пайвандҳои дастрасӣ

Русия: Канорагии Асад набояд шарти тавофуқ дар Сурия бошад


Русия рӯзи шанбе пуштибонии худро аз Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб барои ҳаллу фасли буҳрони Сурия эълон кард.

Аммо Русия айни ҳол таъкид кардааст, ки канорагирии Башор Асад набояд пешшарти ҳар гуна тавофуқе барои поён додан ба бӯҳрони ин кишвар бошад.

Дар ҳоле Русия рӯзи шанбе ба ин мавзеъ таъкид намуд, ки мухолифони мусаллаҳи Башор Асад рӯзи гузашта бузургтарин фурудгоҳи низомӣ дар шимоли Сурияро ба тасарруфи худ дароварданд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, вазорати умури хориҷии Русия дар баёнияи худ бори дигар хостори поён ёфтани хушунатҳо дар Сурия шуд. Ин баёния пас аз он содир шуд, ки Ахзар Иброҳимӣ рӯзи ҷумъа нишасти муштарак бо ҳузури Виллиам Бурнз, муовини вазири умури хориҷии Амрико ва Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷии Русия дар Женева баргузор кард.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Русия омадааст, ки дар нишасти Женева, Михаил Богданов «пуштибонии халалнопазир»-и Русияро аз Ахзар Иброҳимӣ ба унвони фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Арабдар умури Сурия эълом кард.

Ба назар мерасад, ояндаи Башор Асад, ки мухолифони Сурия, Амрико, кишварҳои аврупоӣ ва аксари кишварҳои арабӣ бар зарурати канорагии ӯ ба унвони роҳе барои поёнии ҷанги дохилӣ дар Сурия таъкид доранд, чолишбарангезтарин масъала дар музокироти Женева буд.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Русия омадааст, «Ҳамчун гузашта, таъкид мекунем, ки ояндаи Сурияро бояд худи суриягиҳо бидуни дахолати хориҷиҳо таъйин кунанд.»

Русия нерӯмандтарин кишвари пуштибони Башор Асад аст, ки то кунун бо ҳамроҳии Чин се қатънома дар Шӯрои Амнияти СММ барои афзоиши фишор бар ӯро вето кардааст.
XS
SM
MD
LG