Пайвандҳои дастрасӣ

Сарпечии Сердюков аз посух ба пурсишҳои муфаттишон


Анатолий Сердюков, собиқ вазири дифои Русия, рӯзи 11 январ ба Кумитаи тафтишоти кишвар ҳозир шуд, аммо аз додани баёнот сарпечӣ кард.

Муфаттишон вазири пешинро дар робита ба яғмои моликияти давлатӣ аз сӯи ширкатҳои зертобеи вазорати - “Оборонсервис” ва “Славянка”, ки ба давлат садҳои миллион доллар хисорот ворид кардааст, даъват карда буданд.

Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки Сердюков сарпечияш аз посух ба суолҳои муфаттишонро бо банди 51-уми Қонуни асосии кишвар рабт додааст. Ба гуфтаи Маркин, вазири собиқ ҳақ дорад, ки бар пояи ин банди Қонуни асосӣ алайҳи худ баёнот надиҳад, вале аз чун мавзеъгирии ӯ масъулини тафтишот ба тааҷҷуб афтодаанд. Ӯ афзуд, "агар собиқ вазири дифоъ мутмаин аст, ки дар он ҳодисаҳои мавриди бозрасии тафтишот қароргирифта даст надорад, мантиқӣ мебуд агар ба суолҳои мушаххаси тафтишот ҷавоб мегуфт”.

Анатолий Сердюков айни ҳол чун шоҳид дар парвандаҳои “Оборонсервис” ва “Славянка” бозпурсӣ мешавад, аммо бар пояи бархе хабарҳо, муфаттишон ишора кардаанд, ки метавонанд мақомашро аз “шоҳид” ба “гумонбар” табдил кунанд.

Дар ҳамин ҳол Генрих Падва, вакили дифои Сердюков, мутмаин аст, ки асосе барои тайири мақоми фарди таҳти ҳимояташ мавҷуд нест. Ба гуфтаи ӯ, вазири собиқ ба суолҳои муфаттишон ҷавоб дода ва бархе аз онҳоро муфассал шарҳ додааст. Хабаргузории Интерфакс навиштааст, ки Анатолий Сердюков аз муфаттишон хостори ба таври хаттӣ пешниҳод кардани суолҳо шудааст. Ба иттилои манбаи хабаргузорӣ, ӯ дархосташро бо он омил рабт додааст, ки замони вазирияш рӯзе то 7 ҳазор санадро имзо мекард ва табиист, ки ҳама далелу санадҳои мавриди таваҷҷуҳи тафтишотро дар ёд надорад.

Бори аввал Анатолий Сердюков 28 декабри соли гузашта ба Кумитаи тафтишот даъват шуда буд. Он вақт ҳам ӯ аз посух ба суолҳо сарпечӣ кард ва далел овард, ки вакили дифояш бар асари маризӣ натавонистааст ӯро ҳамроҳӣ кунад.

Анатолий Сердюков 6 ноябри соли гузашта баъд аз шурӯи тафтиши парвандаи яғмо дар ширкатҳои зертобеи вазорати дифоъ – “Оборонсервис” ва “Славянка” аз мақом барканор шуд. Айни ҳол дар чаҳорчӯби парвандаи ҷиноӣ даҳ далели яғмо ва аз роҳи тақаллубу бо нархи арзон фурӯхтани даҳҳо бинову муассисаҳои вазорати дифоъ тафтиш мешавад. Хисорот аз ин яғмову тақаллуб 7 миллиард рубли русӣ, муодили 230 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин парванда чанд нафар боздошт шудаанд ва раиси департаменти моликияти вазорати дифои Русия Евгения Василева, аз наздиктарин афроди Анатолий Сердюков, дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, аз манзили ӯ дар маркази шаҳри Маскав, ки даҳҳо миллион доллар арзиш дорад, се миллион рубл пули нақд, маводи гаронбаҳои атиқа, даҳҳо наққошӣ ва ҷавоҳирот ошкору мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG