Пайвандҳои дастрасӣ

«Лимит» ба мансабдорони Кӯлоб дахл надорад?


Шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Реҷаи интиқоли нерӯи барқ ё ба истилоҳи мардумӣ «лимит», ба мансабдорони минтақаи Кӯлоб дахл надоштааст.

Ғайбулло Ҳалимов, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, дар пайи таҳқиқу мушоҳидаҳои се соли ахир ба ин натиҷа расидааст, ки бо вуҷуди ҷорӣ будани реҷаи интиқоли нерӯи барқ, мансабдорони сатҳи болоиву поёнӣ, мисли раисони шаҳру навоҳӣ, кормандони ҳукумату сохторҳои қудратӣ ва бархе аз афроди доро дар манзилҳои зисташон ба таври ҳамешагӣ барқ доранд.

«Барқи Тоҷик» ба мансабдорони маҳаллӣ имтиёз додааст?

Ин дар ҳолест, ки аз аввали тирамоҳ то охири баҳор барои сокинони оддӣ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ буда, онҳо ранҷи бебарқӣ мекашанд. Ҷаноби Ҳалимов мегӯяд, гумон дошт, Ширкати «Барқи тоҷик» ба мансабдорон имтиёз додааст, аммо маълум шуд, ки расман чунин имтиёзе вуҷуд надорад.
-Аммо ин ҷо маълум шуд, ки сӯистифода аз мансаб вуҷуд доштааст.

Мансабдорон бо истифода аз мансаб, аз хатҳои барқи ба истилоҳ хати сурх, ки барои иншоотҳои ҳаётан муҳим барқ медиҳад, қувваи барқро дастрас мекунанд. Инро метавон як навъ майдадуздӣ низ ном бурд, ки мансабдорони шаҳру ноҳия анҷом медиҳанд,-гуфт, Ҳалимов.

Мирзо Исмоилов, сардори шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб.

Мирзо Исмоилов, сардори шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб.

Мансабдор: «Барои он барқ дорам, ки дар марказ зиндагӣ мекунам»

Ҳар як сокини Кӯлоб ҳангоми сӯҳбат бо ангушт ҳамсояи бо қувваи барқ дастрасӣ доштаашро нишон медиҳад, ки аксаран мансабдорон ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, Мирзо Исмоилов, сардори Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб сабаби бо барқи ҳамешагӣ таъмин буданашро ҳангоми нишасти матбуотӣ дар ҷойгир будани манзили зисташ дар маркази шаҳри Кӯлоб вобаста донист.

Исмоилов гуфт: «Ягон имтиёз ба мансабдорон барои барқи доимӣ дода нашудааст. Хонаи ман дар маркази шаҳр аст, аз ҳамин ҳисоб бисёр вақт қувваи барқ хомӯш намешавад. Лекин шахсан ман ба зимистон омодагӣ дидаам. Ангишту ҳезум захира кардам ва агар барқ ҳам хомӯш шавад, ҳеҷ мушкили намекашам. Сокинон ҳам агар ба зимистон хуб омодагӣ бинанд, ҳеҷ гоҳ азоб намекашанд.»

Шаҳри ниматорику нимарӯшан

Дар ҳоле ин мансабдор дар маркази шаҳр бо барқи доимӣ таъмин аст, ки расман сокинони Кӯлоб дар як шабонарӯз 12 соат ва гоҳо аз ин камтар ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд. Одил Самадов, як донишҷӯ, ки дар маркази шаҳр дар хонаи иҷора ба сар мебарад, мегӯяд, шаб аз соати 11 ва гоҳо 12 барқ хомӯш мешавад ва то субҳ хонаашон хеле сард мегардад.

Ӯ гуфт: «Вақте барқ хомӯш мешавад, ба аз баландошёна ба атрофии нигоҳ мекунӣ, ки ними шаҳр рӯшан аст ва нисфи дигараш торик. Он ҷое рӯшан аст, ки ягон мансабдор зиндагӣ мекунад. Аҳмият медиҳам, ки касе пулу тағаву вазифа дорад, аз барқи доимӣ хати тоза мекашад, лекин камбағал ҳеҷ кор карда наметавонад».

«Ҳафтаҳо бе барқ мемонем»

Ғайбулло Ҳалимов, рӯзноманигори маҳаллӣ.

Ғайбулло Ҳалимов, рӯзноманигори маҳаллӣ.

Сокинон мегӯянд, ба ҷуз реҷаи интиқоли нерӯи барқ гоҳо мешавад, ки ҳафтаҳо онҳо аз барқ маҳрум мегарданд. Шарафнисо Ғоибов, як сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, агар зеристгоҳи барқиашон хароб шавад, то дубора фаъол шуданаш рӯзҳои дароз мегузарад, зеро кормандони Идораи барқ барои барқарор кардани он сари вақт талош намекунанд.

«Худое накарда трансфарматор вайрон шавад, то пул ҷамъ карда ба кормандони барқ надиҳем, дуруст намекунанд. Аз пасашон чанд рӯз саргардон мешавем, то дубора таъмир мекунанд, ки аз хунукӣ як чизе мешавем. Мардум дар зимистон доим саргардон аст.»

Аммо бебарқии сокинону ба барқи ҳамешагӣ дастраси доштани мансабдорон дар ҳолест, ки расман реҷаи интиқоли барқ ба шаҳри Кӯлоб дар як шабонарӯз 12 соат муқаррар шудааст. Ин реҷа ҳам ба гуфтаи сокинон на ҳамеша риоя мешавад.
Кӯлоб - сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст, ки пас аз супориши шифоҳии президенти кишвар дар як суханрониаш, ки ба шаҳрҳои бузург ба таври ҳамешагӣ барқ диҳед, ҳамоно бо гузашти се сол сокинонаш мушкили барқ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG