Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзадҳои эҳтимолии ҷоизаҳои "Оскар" эълом шуд


Фарҳангистони санъат ва ҳунари Амрико филми ҳунарии “Линколн”-ро ҳамчун номзади шоиста ба 12 ҷоизаи мӯътабари Оскар донистааст, аз ҷумла сазовори Ҷоизаи Беҳтарин Филм. Филми дигар, “Зиндагии Пай”-ро низро шоистаи ҳамин ҷоиза ва 10 ҷоизаи дигари Оскар гуфтаанд. Мунтақидони фарҳангистон рӯзи панҷшанбе ҳамчунин ҳафт филми дигар, аз ҷумла “Радшудагон”, филми “Арго” дар бораи гаравгонгирӣ дар Эрон, “Сифр торик 30” достони амалиёти маҳви Бен Лоданро аз номзадҳои шоиста ба унвони Беҳтарин Филм номидаанд. “Бачаҳои бузкашӣ” - филми кӯтоҳе, ки дар Кобул ба навор гирифта шудааст, аз ҷумлаи 5 номзад ба дарёфти ҷоизаи “Филми кӯтоҳи” Оскар мебошад. Барандагони Ҷоизаҳои Оскарро рӯзи 24 феврал эълом мекунанд.
XS
SM
MD
LG