Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рӯбарӯи хуруҷи бемориҳои шадиди роҳи нафас


Бино бар ҳушдори Хадамоти беҳдоштӣ ва вогиршиносии Тоҷикистон, ин кишвар дар рӯбарӯи хуруҷи бемориҳои шадиди роҳи нафас ва зуком қарор дорад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ дар соли 2012, 15 ҳазору 749 нафар гирифтори зуком ва беш аз 238 ҳазор нафар ба бемориҳои сахти роҳҳои нафас мубтало шудаанд. Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои ҷилавгирӣ аз зуком онҳо як маъракаи эм ё ваксингузарониро ба нақшаи кории худ ворид кардаанд.

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, ин ваксина на ба ҳама дастрас хоҳад буд. Ӯ аз ҷумла гуфт, "албатта, мо наметавонем дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ин корро анҷом бидиҳем, зеро аз ҷиҳати иқтисодӣ аз як намуди зуком эм кардан аҳолӣ нодуруст аст. Чунки агар мо ваксинаро бар зидди зукоми намуди А харидорӣ кардаву мардумро эм намоем, мумкин аст, эҳтимоли пайдоиши намуди B шавад ва ё баръакс. Аз ҳамин хотир, мо ба хулосае омадем, ки миқдори зарурии ваксинаро ба кишвар бояд ворид кунем ва хоҳишмандон метавонанд онро харидорӣ кунанд. Зеро мо барои харидории миқдори зиёди ваксина шароит надорем."

Як рӯз бо беморони зуком
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00
Ба гуфтаи Аъзам Мирзоев, як воя ё дозаи чунин ваксина аз 7 то 12 доллар арзиш дорад. Вале Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми январ зимни нишасти хабарӣ таъкид бар он дошт, ки ҳатто дар сурати эм кардани аҳолӣ бар зидди зуком ҷилавгирӣ аз он кори осон нахоҳад буд. Зеро ба таъкиди вай, "мутаассифона, вируси зуком ҳамеша шакли худро тағйир медиҳад ва ин корро хеле мушкил мекунад. Ҳатто барои Русия, ки шароити хуб дорад, мубориза бо ин маризӣ ба осонӣ даст намедиҳад. Аммо мо ба ҳар сурат дар фикри ин масъала ҳастем."

Нотавонӣ дар ҷилавгирӣ аз бемории зуком дар ҳолест, ки дар чанд моҳи ахир анвои нави ин касалӣ миёни аҳолии кишвар густариш пайдо кардаву то ҷое мардумро нигарон намудааст. Лайло, як ҳамсӯҳбати мо, мегӯяд, тӯли як моҳ аст, ки тамоми аҳли хонаводааш гирифтори ин бемориянд ва ҳеҷ давое ба беҳбудии онҳо кӯмак намекунад. Ӯ мегӯяд, "аҷибаш ин аст, ки одам имрӯз худро беҳтар ҳис мекунад, аммо пагоҳ боз дубора ҳолаш бад мешавад. Худи ман дар як моҳ 3 бор пайи ҳам зуком шудам ва он маро билохира ба бемории бронхит ё маризии шадиди роҳи нафас мубтало кард. Назар ба соли гузашта имсол гирифторшавӣ ба ин беморӣ зиёд шудааст, чун берун хунук аст ва ҳангоми ба хона меоем он ҷо низ сард аст, ҳис мекунам, ҷисм торафт заиф мешавад ва муқобилааш бо бемории ҳам суст мегарад."

Аъзам Мирзоев
Аъзам Мирзоев
Вале Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, онҳо аллакай дар авохири моҳи декабри соли гузашта ва аввали моҳи январи соли ҷорӣ барои муаяйн кардани намуди зуком пажӯҳиш анҷом доданд. Ба гуфтаи ӯ, имсол бештар гардиши намуди А ва В-и зуком муайян карда шудааст, ки барои Тоҷикистон нав нест ва нишонаҳои маъмулии онҳо таби баланд, сулфа, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва бемадорист.

Субҳон Раҳимов, пизишки вогиршинос, сабаби густариши бемориҳои сахти роҳи нафас ва зукомро ба тағийрёбии иқлим ва сардиҳои ғайримаъмулии чанд соли охир бастагӣ медиҳад. Ӯ мегӯяд, "мардуми мо, ки ба гармӣ одат кардаанд, наметавонанд ба зудӣ ба чунин сардӣ мутобиқ шаванд ва ҷисми онҳо равиши маъмулии худро гум мекунад. Чун ба ҷисм хунукӣ асосан аз пой таъсир мекунад, сард будани манзилҳои бахусус бетонӣ ва ғизои хуб истеъмол накардан ҳам таъсири бевоситаи худро барои заъиф шудани организм мерасонад. Дар ин агар шахс боз ба зуком гирифтор шаваду ҳамзамон мубталои сил, ҳепотит ё дигар бемориҳо бошад, ин маризиҳо низ авҷ хоҳанд гирифт."

Ҷаноби Раҳимов мегӯяд, бо назардошти он ки дар Тоҷикистон аксаран, аҳолӣ ба сиҳҳатии худ чандон аҳамият намедиҳад, пайваста беморшавӣ боиси заиф шудани масунияти бадан мегардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикитсон ҳамасола дар кишвар аз 230 то 250 ҳазор нафар ба бемориҳои шадиди роҳи нафас гирифтор мешаванд.
XS
SM
MD
LG