Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Фаронса 3 зани курд ба қатл расидааст


Полиси Фаронса мегӯяд, дар маркази курдии шаҳри Париж ҷасади се зани курд ёфт шудааст. Тибқи гузориши расонаҳо яке аз ин се зан Сакина Чансиз аст, ки аз асосгузорони ҳизби ифрогарои коргари Курдистон ба шумор меравад. Ҳамин манбаъҳо меафзоянд, ки ҳар се зан аз сарашон тир хӯрдаанд. Ба қавли мансабдорони фаронсавӣ куштор мисли иҷрои ҳукм ба назар мерасад. Дар Туркия Ҳусейн Челик, муовини раиси ҳизби ҳокими ин кишвар, гуфт, эҳтимол кушторҳо бо рақобат дар дохили ин гурӯҳ иртибот дошта бошанд. Чанде пеш Туркия бо раҳбари маҳбуси ҳизби коргари Курдистон Абдулло Оҷалон музокирот оғоз намуд, ки ҳадаф аз он халъи силоҳи ин гурӯҳ мебошад.
XS
SM
MD
LG