Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати сарвазир ба истеъфои додситони Молдова


Влад Филат
Влад Филат
Сарвазири Молдова Влад Филат хостори истеъфои додситони кулл Валериу Зубко шуд. Зубко баъди ҳалокати рӯзи 23 декабри як мард дар шикор тарки Молдова кардааст. Рӯзи душанбе як ҳизби хурди зидди фасод Зубкоро дар ҳалокати он мард муҷрим номид. Зубко рӯзе баъд дар як номаи катбӣ ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, ҳадаф беобрӯ кардани ӯст. Аммо Влад Филат ба Озодӣ гуфт, Зубко бояд билофосила истеъфо дода, гумонҳо дар бораи имкони таъсир карданаш ба рафти тафтишотро рафъ кунад. Додситонӣ мегӯяд, гумонбари асосӣ дар он марги мармуз дар шикор қозии додгоҳи таҷдиди назар Георге Крету аст.
XS
SM
MD
LG