Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Венесуэла ҳам аз Чавес ҳимоят кард


Ҳуго Чавес
Ҳуго Чавес
Додгоҳи олии Венесуэла аз таъхири ногузири расми адои савганди нави раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуго Чавес пуштибонӣ кард ва гуфт, маъмурияти кунунӣ метавонад ҳамчун маъмурияти муваққат ба кораш идома диҳад.
Ҳукми рӯзи чоршанбеи 7 қозии Додгоҳи олӣ дар посух ба даъвои вакилони мухолиф аст, ки ба далели нотавонии Чавес барои ҳузур дар расми адои савганди давраи нави 6-солаи раёсаташ хостори интихоботи нав шуданд. Ин маросим, тибқи Қонуни асосӣ, бояд имрӯз, 10 январ доир мешуд. Чавеси 58-сола, ки аз соли 1999 раҳбарии ин кишвари саршор аз нафту гази Амрикои лотиниро дар даст дорад, феълан дар Куба аз саратон табобат мегирад. Аксарияти парлумон, ки аз Чавес тарафдорӣ мекунанд, рӯзи сешанбе аз пешниҳоди то замони ба Каракас баргаштани ӯ ба таъхир гузоштани расми савганд ҳимоят карданд.
XS
SM
MD
LG