Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таварруми солона дар Тоҷикистон 6,4 фоиз шудааст


Бонки миллии Тоҷикистон(БМТ) мегӯяд, мизони таваррум дар кишвар дар соли гузашта 6,4 фоизро ташкил дод. Ин ниҳод, вазъи таваррумро дар тӯли сол дар маҷмӯъ собит хонда, гуфтааст, ки сатҳи он назар ба 9,3 фоизи соли 2011 тақрибан 2,9 дарсад коҳиш ёфт. Ин дар ҳолест, ки Сандуқи байналмилалии пул мизони эҳтимолии таваррум дар Тоҷикистонро барои соли 2012 дар ҳудуди 8 дарсад ва Бонки осиёии рушд дар давру бари 7,5 дарсад пешбинӣ мекарданд. БМТ мизони таваррумро дар соли 2013 дар сатҳи 9 фоиз пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG