Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршабе дар ҷаласаи навбатии худ санади узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии Тиҷоратро ба тасвиб расонд.

Ба ҷонибдории ин санад 58 тан аз вакилон раъй дода ва танҳо як нафар мухолиф баромад ва чаҳор вакили дигар дар ҷаласа ҳузур надоштанд.

Ягона раъйи мухолиф ба Шоди Шабдолов, роҳбари Ҳизби Комунист тааллуқ дорад, ки сабаби мухолифташро ин гуна шарҳ дод: “Мувофиқи ин санад, Тоҷикистон ӯҳдадор аст, масалан соҳаи энергетикаро низ хусусӣ кунад. Яъне давлат бояд нерӯгоҳҳои “Норак” ва “Роғун” барин иншоотҳоро бояд хусусӣ кунад. Шумо тасаввур кунед чӣ ҳолат ба вуҷуд меояд. Мо агар ин санадро тасвиб кунем, он бар қонунҳои дохилиамон бартарӣ пайдо мекунад ва маҷбур мешавем чунин иншоотҳои муҳиму стратегиро ба фурӯш гузорем.”

Ҷаноби Шабдолов гуфт, ки давлат набояд чунин иншооти муҳимро хусусӣ кунад ва афзуд, Тоҷикистон ба узвият дар бозори ҷаҳонӣ тайёр нест, чунки истеҳсолоти кишвар хеле заиф аст. Ҷаноби Шабдолов тахмин зад, ки ворид шудани Тоҷикистон ба СҶТ, охирин корхонаҳои ҳанӯз фаъоли кишварро низ варшикаста хоҳад кард. Вай пешниҳод кард, ки “Тоҷикистон бояд аввал чанд соҳаи рақобатпазири тавлидиро қавӣ кунад ва баъдан шомили ин созмон шавад, дар акси ҳол як умр ба бозори кишварҳои дигар табдил хоҳад ёфт.”

Аммо мухолифатҳои Шабдолов миёни дигар вакилон ҳамовозӣ пайдо накард.Танҳо Шукурҷон Зуҳров, раиси маҷлис дар муқобили суханони Шабдолов гуфт, Тоҷикистон бо роҳи иқтисоди бозорӣ пеш меравад ва дар аксар кишварҳои хориҷӣ низ бахши аъзами иқтисод, хусусист.

Ақидаи Шабдоловро дар бораи сатҳи омодагии кишвар ба узвият дар СҶТ-ро бархе аз соҳибкорони тоҷик ҳимоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, баъд аз узвияти кишвар дар СҶТ, рақобати онҳо бо истеҳсолкунандаи хориҷӣ шадидтар хоҳад шуд, ҳол он ки бе он ҳам рушди тиҷорат дар Тоҷикистон бо мушкилоти сахт гирифтор аст.

Вале Парвиз Камолиддинов, иқтисоддони тоҷик, ки мудатҳо чун корманди як созмони байналмиллалӣ барои шомил шудани Тоҷикистон ба СҶТ кӯмак расонидааст, дар суҳбат ба РО гуфт, 97 дарсади тиҷорати байналмиллалӣ ба кишварҳои узви СҶТ рост меояд ва соҳибкорони ин кишварҳо муфлис нашудаанд:
“Аз узвият дар СҶС дида дар Тоҷикистон соҳибкорон аз фазои соҳибкорӣ азият мекашанд. Масалан дар мо низоми андозбандӣ, усули тафтиши корхона хеле сахт аст ва ин соҳибкоронро ба мушкилиҳо дучор карда, монеи рушди бизнес мешавад. Беҳтар аст ин чизҳо ислоҳ шавад, нисбат ба он, ки Тоҷикистон узви СҶС нашавад.”

Дар робита ба ҳушдорҳои вакили мухолиф Шодӣ Шабдолов, коршиносон ба ин ҳам ишора мекунанд, ки тавсияҳои СҶТ қобили баррасӣ, тағйир ва ё ҳадди ақал ба таъхир гузоштан мебошанд ва ба ҳукумати Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки чӣ гуна аз ин имкониятҳо истифода хоҳад кард.

Тоҷикистон 11 сол барои шомил шудан ба СҶТ талош мекард ва танҳо 10-уми декабри соли 2012 дар Ҳамоиши умумии СҶТ дар Женев, расман ба узвияти ин созмон пазируфта шуд. Дар Осиёи Миёна пас аз Қирғизистон, Тоҷикистон дувумин кишвар аст, ки ба созмони мазкур пайвастааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG