Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкатҳои ҳавоии «Истэйр» ва «Уралэйр», ба далели камбуди мусофирон се хати парвозро аз фурудгоҳи Кӯлоб ба самтҳои Санкт-Петербург, Саратов ва Маскав қатъ кардаанд.

Ширкатҳои «Истэйр» ва «Уралэйр» гуфтаанд, вақтҳои охир парвоз дар ин хатсайрҳо зараровар гардидааст.

Қурбон Сафаров, муовини директори фурудгоҳи Кӯлоб, мегӯяд, дар як моҳи ахир ҳавопаймоҳои ин ширкатҳо тақрибан беодам парвоз мекарданд: «Ин ширкатҳо як сол буд, ки хатсайр боз карда буданд. Дар тобистон ҳам парвозҳо он қадар даромаднок набуданд. Аммо зимистон аз самти Кӯлоб ба тарафи Русия тақрибан касе парвоз намекунад. Бинобар ин ширкатҳо пас аз Соли нав хатсайрҳоро пурра бастанд.»

Ҳоло аз фурудгоҳи Кӯлоб танҳо чор хатсайри фаъол ба шаҳрҳои Русия боқӣ мондааст ва ҳавопаймоҳо аксаран аз тарафи Кӯлоб каммусофиранд. Аз сӯи дигар зимистон фасли истироҳати муҳоҷирон дар Ватан аст ва кам муҳоҷире аст, ки дар ин фасл сафари Русия кунад.

Дилшод Разоқов, як муҳоҷире, ки тоза аз муҳоҷират баргаштааст, мегӯяд, зимистони Русия хеле сард ва танҳо онҳое дар он ҷо мемонанд, ки дар дохили бино кор мекунанд: «Онҳое, ки дар дохили бино ё ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекунанд, дар зимистон ҳам ба Ватан барнамегарданд. Ба ҳар ҳол, зимистони Русия хеле сард аст ва кам касе хоҳиши кор кардан дар он ҷоро дорад. Танҳо ҳамонҳое дар зимистон сафар мекунанд, ки ягон нафарро дар ҷои кори гарме, масалан, корхонаи нон, иваз мекунанд. Шумораи чунин нафарон ҳам хеле кам мебошад.»

Дар ҳамин ҳол бархе сокинони навоҳии Кӯлоб мегӯянд, бештар аз шаҳри Душанбе ба Русия парвоз мекунанд. Қурбонназар Эмомалиев, як муҳоҷир, мегӯяд, хизматрасонӣ ҳангоми парвоз аз Кӯлоб хеле паст аст: «Аз ҳама дилгиркунанда тафтишҳои бемантиқ мебошанд. Дар ин ҷо кормандони агентии зидди маводи мухаддир аз ту чанд пул доштанатро ҳатто мепурсанд, ки умуман ба салоҳияти онҳо дохил намешавад. Сад бор мепурсанд ва хулоса то ягон пул ба мақомоти тафтишотии фурудгоҳ надиҳӣ раҳоят намекунанд. Ҳатто барои бастани бағоч ҳам пул мегиранд. Дар ҳоле, ки ин хизматрасонӣ ба маблағи чипта дохил мешавад.»

Аммо Қурбон Сафаров, муовини директори фурудгоҳи Кӯлоб, мегӯяд, нархгузории чиптаҳо ба онҳо вобаста нест ва ҳамчунин наметавонанд, ба кори гумрук, сарҳадбонон ва кормандони Оҷонсии зидди маводи мухаддир дахолат кунанд: "Ин ниҳодҳо вазифаҳои худро иҷро мекунанд ва ба мо ҳисобот ҳам намедиҳанд. Барои корҳояшон, онҳо бояд худашон ҷавоб диҳанд."

Ин мушкилот дар ҳолест, ки фурудгоҳи Кӯлоб мақоми байналмилалӣ дошта, аз он ҷо ба шаҳрҳои Русия ва баъзан ба ҷумҳурии мардумии Чин парвозҳо сурат мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG