Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон боздиди чаҳоррӯзаи худ аз Амрикоро оғоз кард. Интизор меравад, ки вай дар Конгресс бо сенаторҳои амрикоӣ мулоқот ва аз CIA ё ЦРУ боздид кунад.

Баъд аз вуруд ба Амрико Карзай ба аёдати Асадуллоҳ Холид-раиси Раёсати миллии амнияти Афғонистон рафт. Холид баъд аз сӯиқасд ба ҷонаш дар Афғонистон дар як моҳи пеш ҳоло дар Вашингтон муолиҷа мегирад.

Рӯзи ҷумъа Барак Обама ва Ҳомид Карзай дар бораи қарордоди дуҷонибаи амниятӣ бо ҳам музокира мекунанд.

Кохи Сафед мегӯяд, дар ҷараёни ин боздид Обама эълон нахоҳад кард, ки баъд аз хуруҷи нируҳо аз Афғонистон дар соли 2014 чӣ қадр ниру дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG