Пайвандҳои дастрасӣ

Оилаи Роберт Левинсон, собиқ афсари Агентии тафтишоти ИМА ё худ FBI, аксҳои нави ӯро нашр намудааст.

Дар ин аксҳо Левинсон, ки дар моҳи марти соли 2007-ум ҳангоми зиёрат аз ҷазираи Кеши Эрон бе ному нишон шудааст, либоси маҳбусонаи шабеҳи зиндониёни Гуантанамо зуҳур намудааст. Кристина Левинсон, ҳамсари ин афсари собиқи FBI, мегӯяд, ин аксҳоро тахминан ду сол пеш дастрас карда буданд.

Кристина Левинсон, ҳамсари собиқ афсари Агентии тафтишоти ИМА ё худ FBI, рӯзи сешанбеи ҳаштуми январ аксҳои шавҳараш Роберт Левинсонро, ки моҳи апрели соли 2011-ум дастрас намудааст, тавассути расонаҳои хабарӣ интишор намуд. Ба гуфти хонум Левинсон аз он вақт ба ин тараф ӯ чандин дафъа кӯшиш кард, ки бо афроде, ки аксҳоро ба ӯ расондаанд, дар тамос шавад ва пурсад, ки онҳо дар муқобили раҳоии шавҳараш чӣ тақозо доранд, вале натиҷае ҳосил нашуд: “Ман ҳис мекунам, ки ҳозир муҳим аст, мардум бидонад, ки чӣ иттифоқ афтодааст. Мо талош намудем бо ин мардум дар тамос шавему пурсем, ки онҳо чӣ талаб доранд, вале то ҳол ягон иттилое пайдо накардаем.”

Хонум Кристина Левинсон меафзояд, ки аксҳоро ба ходимони FBI нишон додаанд, вале то кунун аз Агентии тафтишоти ИМА ҳам ҷавобе нарасидааст. Ӯ илова мекунад, ки зоҳиран аксҳоро дар давоми муддати тӯлонӣ гирифта буданд, зеро намуди зоҳирии ӯ дар аксҳо бо навори видео, ки ба оилаи Левинсон дар моҳи ноябри соли 2010-ум фиристода буданд, фарқ дорад.


Ба ақидаи хонум Левинсон ба эҳтимоли зиёд аксҳоро пеш аз навори видео гирифтаанд, яъне қабл аз ноябри соли 2010-ум гирифта бошанд ҳам, фақат дар моҳи апрели соли 2011-ум ба онҳо ирсол намудаанд. Дар ҳар сурат хонум Левинсон бовар дорад, ки шавҳараш зинда аст: “Даҳуми марти соли 2013-ум шавҳарам 65 сола мешавад. Мо хеле озурда ҳастем, зеро баъди як моҳ духтари калонии мо ба шавҳар мебарояду дар чунин рӯзи муҳимтарини ҳаёти духтарамон ӯ дар назди мо нест.”

Кристина Левинсон хотирнишон мекунад, ки шавҳараш моҳи марти соли 2007-ум аснои зиёрат аз ҷазираи Кеши Эрон бе ному нишон шуд ва касе расман нагуфтааст, ки шавҳарашро кӣ боздошт намудааст. Чанд сол пеш худи хонум Левинсон ба Эрон сафар карда, аз мақомоти ҷумҳурии исломӣ дархост намуд, шавҳарашро пайдо кунанд. Вале наздик ба шаш сол инҷониб посухе аз ҳукумати Эрон нагирифтааст.

Дар мавриди сабабҳои бе ному нишоншавии Левинсон дар ҷазираи Кеш, ки минтақаи озод буда, барои зиёрат аз он раводиди сафар лозим нест, ду фарзия вуҷуд дорад: Аввалан, имкон дорад Левинсонро хадамоти амниятии Эрон ҳабс карда бошанд, то дар музокирот бо Вашингтон ҳамчун қарта истифода баранд. Фарзияи дуюм ин аст, ки шояд Левинсон дар чорчӯби таҳқиқи қочоқи сигарет ба ҷазираи Кеш сафар карда, ба дасти гурӯҳи ҷинояткор афтида бошад.

Дар навори видео, ки моҳи ноябри соли 2010-ум нашр шуд, Левинсон мегӯяд: "Саломатиам хуб нест. Дар ин ҷо муомила бо ман хуб аст. Ман ба кумаки ҳукумати ИМА эҳтиёҷ дорам, то тақозоҳои гурӯҳеро, ки севуним сол инҷониб маро нигаҳ доштааст, ҷавоб диҳад. Илтимос, дар хона ба ман ёрӣ расонед!”

Баъди нашри ин навор расонаҳои хабарӣ иттилоъ дода буданд, ки онро дар Покистон ба интернет фиристодаанд, яъне аз эҳтимол дур нест, ки Левинсонро ҳам аз Эрон берун кашида бошанд. Як сол пеш котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон низ эълон кард, ки Левинсон зинда аст. Ӯ аз мақомоти Эрон даъват кард, ки дар раҳоии Левинсон саҳм гиранд. Вале аз он замон то имрӯз чизи бештаре нашр нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG