Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигарони нави бразилӣ дар ҳайати “Регар-ТадАЗ”


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон, омодагиро ба мавсими соли 2013-ум бо бозигарони нави бразилӣ шурӯъ кард.

Чунон ки торнамои расмии бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» хабар додааст, баъди рухсатӣ рӯзи 7-уми январ дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода мулоқоти футболбозон бо роҳбарони бошгоҳ баргузор шуд.

Дар ҳайати даста бозигарони нав - ҳимоятгар Фрейтас Фабрисио ва ҳамлагар Сантос Кардосо Элтон Люис, ҳарду аз Бразилия, тамрин мекунанд. Ҳамчунин собиқ капитани «Равшан»-и Кӯлоб Сафаралӣ Каримов ба “Регар-ТадАЗ” гузаштааст.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар-ТадАЗ», дар бораи нақшаҳои имсолаи даста ба хабарнигорон гуфтааст, “мо то 15-уми феврал дар урдугоҳи худ тамрин мекунем. Баъдан мувофиқи нақша ба Туркия сафар намуда, давраи дувуми омодагиро ба мавсими нав дар он ҷо мегузаронем. Мо ба бозии нахустини худ дар Ҷоми АФК-2013 бо “Сафо” авоили моҳи март аз Туркия ба Лубнон сафар хоҳем кард.”

Ёдовар мешавем, дастаи “Регар-ТадАЗ”, ки дар мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дувум шуд, дар Ҷоми АФК-2013 ширкат хоҳад кард. «Регар-ТадАЗ» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои «Сафо» (Лубнон), «Кувайт» (Кувайт) ва «Риффа» (Баҳрайн) рақобат мекунад.

Ҷаноби Ҳабибуллоев дар бораи тағйирот дар ҳайати дастааш гуфтааст, “рӯзҳои наздик боз чор бозигар аз Гана ва як нафар аз Гвинея барои санҷиш меоянд. Ҳамчунин чаҳор бозигар аз дастаи “Равшан”-и Кӯлоб мавриди санҷиш қарор доранд. Инҳо ҳимоятгарон Сафаралӣ Каримов, Бахтиёр Азизов, Далер Шоҳмуродов ва нимҳимоятгар Фаррухи Ҷӯрахон мебошанд. Бо бразилиягиҳо Элтон Люис ва Фрейтас Фабрисио, бешак, шартнома мебандем. Инчунин ба ҳайати даста Сафаралӣ Каримов қабул шудааст. Вале дигарон бояд заҳмат кашанд, ки аъзои комилҳуқуқи даста шаванд. Аз ҳайати порсола мо бо Сӯҳроб Эгамбердиев, Саид Эргашев, легионерҳои узбакистонӣ Сайриддин Ғаффоров ва Сардорбек Эминов хайрухуш намудем. Мо ҳоло хулосаи пизишконро дар бораи вазъи саломатии Раҳмоналӣ Баротов ва Илҳом Ортиқов интизорем.”
XS
SM
MD
LG