Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Задухурди қирғизҳо бо коргарони чиноӣ барои дуздии телефон


Дар вилояти Уши Қирғизистон барои дуздии як телефони ҳамроҳ байни тақрибан 100 нафар сокинони маҳаллӣ ва коргарони чиноӣ задухурд рух додааст.

Сухангӯи пулиси маҳаллии вилояти Уш ба радиои Озодӣ гуфт, дар деҳаи Хуршоби ноҳияи Узген коргарони чинӣ чанд нафар аз сокинонро гаравгон гирифтаанд ва иддао кардаанд, ки касе аз онҳо телефони ҳамроҳ ё мобили як коргари чиноиро дуздидааст.

Чиноиҳо 5 корманди пулисро гаравгон гирифтаанд. Дар задухурд даҳҳо нафар, аз ҷумла 16 чиноӣ ва 5 корманди пулис осеб дидаанд. Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, ононе, ки дар задухурд ва гаравгонгирӣ даст доранд, барои авбошӣ ва ташкили беназмӣ ба муҷозот кашонда мешаванд.
XS
SM
MD
LG